«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН», «ФАРЗАНД- БОҒИ ПАДАРУ МОДАР». Ғолибони ин озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ғолибони даври ниҳоии ду озмун ҷумҳуриявӣ — «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд — боғи падару модар» муайян гардиданд. Дар озмуни «Хушдомани беҳтарин» ҷойи якумро Ҷаҳварбӣ Сафарова аз ноҳияи Данғара сазовор гардида, ҷойи якуми озмуни «Фарзанд- боғи падару модар» насиби Нозанин Лутфуллоева аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамчунин дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» ҷои дуюм ба Лутфӣ Назаршоева аз ноҳияи Роштқалъа ва Замира Урунова аз шаҳри Хуҷанд, мақоми сеюм ба Гулсун Эшова аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Азиза Эшонова аз шаҳри Ваҳдат ва Сайлигул Мирзоева аз ноҳияи Сангвор дода шуд. Инчунин ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанд- боғи падару модар» қадрдонӣ гардиданд, ки ҷойи дуюмро ба Фаррух Зиёзода шаҳри Ҳисор ва Орифҷон Додов ноҳияи Сангвор, ҷойи сеюм ба Нуқра Зайнуллозода аз ноҳияи Рӯдакӣ, Нигора Раҳмонова аз ноҳияи Файзобод ва Сабрина Аҳмадҷонзода аз ноҳияи Шаҳринав дода шуд.
Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ бо мақсади тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа ташкил шуда, дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ-фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, мусоидат менамояд.
«Озмун дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки он тантанаи муваффақият ва дастовардҳои Тоҷикистон мебошад. Маҳз Конститутсия баробарҳуқуқии мардону занонро дар асоси моддаи 17 кафолат дода, тибқи моддаи 33 давлат оиларо ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ зери ҳимояи худ қарор додааст», -гуфт ӯ.
Ғолибони озмун аз рӯйи талаботи нақши хушдоман дар таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ чун омили таҳкиму пойдории оила, саҳми хушдоман дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан муайян шуданд. Озмун дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки мустаҳакамӣ, пойдорӣ ва солимии оилаи аҳли хонавода фаъолияти меҳварии Кумитаро ташкил медиҳад. Дар соли 2024 ба хотири мустаҳакамии оилаҳо, тақвияти муносибатҳои созанда ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзандони соҳибхираду соҳибмаърифат ва ба ин васила коҳиш додани раванди таъсиррасонии омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» бо иштироки 13 оилаи намунавии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир гардид, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин масъалаи ниҳоят муҳим ҷалб намуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ба як қатор хушдоманҳои беҳтарин ва фарзандони намунавӣ «Диплом» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории ин озмунҳо аз баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн иборат мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


















Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






