«Интернет барои хона» боз дар 6000 манзили истиқоматии Душанбе дастрас гардид

Ноябрь 13, 2024 09:39

ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» васеъкунии фарогирии интернетро барои хона дар шаҳри Душанбе идома медиҳад. Имконияти пайвасткунии хизматрасонӣ дар даҳҳо хонаҳои маҳаллаҳои №15, Зарафшон 2 ва Испечак 1 пайдо шудааст. 

Интернети ноқилии боэътимод ва баландсуръат  барои кор, таҳсил,  фароғат ва дастраскунии иттилоот  зарур аст. Бинобар  талаботи рӯзафзун ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ин хизматрасониро  дар маҳаллаҳои нави пойтахт дастрас менамояд.   Сокинони беш аз 6 ҳазор манзили  истиқоматии се маҳаллаи  Душанбе акнун метавонанд аз имконияти техникӣ барои пайвасткунии «Интернет барои хона» баҳравар  гарданд.

Интернети собит дар хона  ҳам дастрастар ва ҳам муфидтар  мегардад.  Акнун  метавонед  тарофаи «Барои Хона 10 Мбит/с»-ро ду маротиба арзонтар-  ҳамагӣ бо 140 сомонӣ дар як моҳ пайваст кунед.  Ин имконияти  беҳтарин барои таъмини интернет ба ҳама аъзои оила мебошад.

«Бо арзон кардани арзиши яке аз тарофаҳои суръатнок дар силсилаи  «Барои хона» мо ба мизоҷон имконият медиҳем, ки ба сифати хизматрасонӣ баҳо дода,  амалҳои  зиёдеро, аз қабили   муошират тариқи  почтаи электронӣ то тамошои филмҳо дар   Smart TV анҷом диҳанд. Сокинони шаҳри Душанбе бо истифода аз интернети хонагӣ дар дастгоҳҳои гуногун ва бо нархҳои муфид метавонанд мушкилоти  интихоби провайдери ноқилиро   фаромӯш кунанд»,-–мегӯяд  директори Департамент оид ба инкишоф ва корбурди  ТМСБ ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.

Маълумоти пурра  оид ба тарофаҳо  ва шартҳои  пайвасткунии хизматрасонӣ  дар  сомонаи оператор  ё  бо рақами  4747.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Ноябрь 13, 2024 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад