«КОНСТИТУТСИЯ — ҚОНУНИ АСОСӢ ВА САРЧАШМАИ ҲУҚУҚӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конфронс доир шуд

Ноябрь 2, 2024 10:39

ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташаккули давлати муосир таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалию сиёсиро доро гардида, он ҳамчун шиносномаи миллат, ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, субот, ваҳдат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, нақши барҷастаи таърихиро гузошт. Чунин иброз гардид зимни ифтитоҳи Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Конститутсия — қонуни асосӣ ва сарчашмаи ҳуқуқӣ дар низоми давлатдорӣ», ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ иштирокдорон доир ба нақши Конститутсия дар соҳибистиқлолии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Иштирокдорони чорабинӣ таъкид намуданд, ки риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, пеш аз ҳама, аз огоҳии шахс аз муҳтавои Конститутсия ва қонунҳо вобаста аст. «Бинобар ин, Конститутсия ин уҳдадориро ба зиммаи шаҳрвандон гузошта, онҳоро вазифадор мекунад, ки Конститутсия ва қонунҳоро омӯзанд. Огоҳонидани муҳтавои Конститутсия ва қонунҳо ба мардум, дар навбати худ, мақсади ниҳоии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба шумор меравад. Аз ин нигоҳ, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 аз моҳияти худи Конститутсия бармеояд»,- иброз гардид дар ҳамоиш.

АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон

 

Ноябрь 2, 2024 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд