КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ УМДАИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ. Он василаи пайванд ва муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
ДУШАНБЕ, 06.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати ҳуҷҷати фарогири тамоми омилҳои ояндасози миллат, заминаи мустаҳкаму боэътимоди давлатдории навини мо, асос ва маҳаки умдаи таъмини сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагии давлат, василаи пайванд ва муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши калидию барҷастаи таърихӣ дорад. Бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Барно Саидвализода расидааст, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.
-Дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб мешавад. 28 декабри соли 2023 Президенти Тоҷикистон зимни ирсоли Паёми навбатӣ пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Барои иҷрои ин талабот 30 декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» имзо шуд.
Бо фарорасии таҷлили Рӯзи Конститутсия дасти андеша моро ба замони қабули он мебарад ва ёди он рӯзҳои барои миллати шарафманди мо басе сахту душвор дар зеҳн рӯшан мегардад. Дар он рӯзҳои бисёр ҳассосу мураккаб тамоми талош ба ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ равона гардида буд. Қабл аз ҳама, мебоист собит гардад, ки ҷанги дохилӣ дар мамлакати мо таҳмилӣ буда, дар асл мо як миллати куҳану фарҳангпарвару дорои таърихи қадиму адабиёти пурғановате ҳастем ва абармардони миллатамон дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз гузоштаанд. Бояд ҳарчи зудтар эътимоду эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба худ ба даст меовардем. Бо ҳамин мақсаду ҳадафи нек ва ба оянда умедворкунанда Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нахустин бор ба забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуда, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва мақсаду мароми неку созандаи давлати моро ба самъи ҷаҳониён расониданд ва назари онҳоро нисбат ба мардуми мамлакат ва давлати тозаистиқлоламон ба сӯйи хубӣ тағйир доданд.
Он рӯзҳо дар қатори ба ифоқа овардани тарафҳои даргиру баргардонида овардани гурезаҳо ҳамчунин қабули Конститутсия низ аз тадбирҳои басе муҳим арзёбӣ мегардид ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талоши беназир ва садоқату вафодорӣ ба миллату давлати хеш, сарфи назар аз вазъияти мураккабу печида тавонистанд, ки ин тадбирҳои барои халқи азизамон сарнавиштсозро дар амал татбиқ намоянд.
Имсол аз қабули Конститутсияи давлати навини мо сӣ сол сипарӣ мегардад, Конститутсияе, ки яке аз беҳтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолимон эътироф гардидааст. Давоми як сол лоиҳаи Конститутсия омода гардид, вале сар задани нооромиҳо боиси он гардид, ки қабули он ба таъхир афтад. Билохира, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои ҳайати Иттифоқи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Орзуи деринтизори миллатамон ҷомаи амал пӯшид ва мо соҳибдавлат гаштему бароямон имкон муҳайё гардид, ки ормонҳои миллиро дар амал татбиқ намоем. Бо назардошти ин падидаи сиёсии таърихӣ мебоист, ки лоиҳаи Конститутсияи давлати ба тозагӣ истиқлолёфта аз нав омода гардад ва ибтидои соли 1992 ҳайати нави корӣ таъсис ёфт. Лоиҳа аз тарафи ҳуқуқшиносони варзида борҳо бозбинӣ гардида, ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ, ки дархӯри замон буданд, ворид шуданд ва мебоист ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта мешуд, вале сар задани ҷанги таҳмилӣ боиси он гардид, ки ин тадбир амалӣ нагардад. Бо гузашти соле аз миён аз сари нав ба масъалаи мавриди назар руҷуъ шуд ва бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияе, ки моҳи июни соли 1993 баргузор гардид, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси комиссияи конститутсионӣ интихоб гардиданд. Вобаста ба шакли идоракунии давлатӣ ду лоиҳа – шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ ва шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ таҳия гардид. Баъди баррасиҳо лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии президентӣ қобили қабул дониста шуд ва қабл аз қабул тавассути воситаҳои ахбори омма мавриди муҳокимаи умум қарор гирифт. Баъдан, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 94,4% -и иштирокчиёни раъйпурсӣ 89,57 % ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Ин маънои онро дошт, ки аксари мардуми мамлакат раъй доданд, ки сарнавишти ояндаи худ ва давлати соҳибистиқлоламон дар чаҳорчӯби ҳамин Конститутсия барномарезӣ шавад. Аз ҳамин ҷост, ки Конститутсияи мавриди назарро Конститутсияи мардумӣ низ мегӯянд ва ҳар сол рӯзи қабул гардиданаш бо шукуҳ таҷлил мегардад.
Конститутсия бо моддаи 1-и худ давлати моро бо сифатҳои соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ менамояд.
Маҳз Конститутсия ормонҳои давлатдорию манфиатҳои миллии моро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ шаклан ифода кард ва ба баракати он ҷаҳониён давлати моро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, татбиқкунандаи сиёсати дарҳои боз шинохтанду эътироф намуданд.
Омили мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи мамлакати мо дар мақоми аввал меистад. Дар моддаҳои 5 ва 14 омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».
Дар мамлакати мо намояндагони дигар миллатҳо низ ҳаёт ба сар мебаранд, Тоҷикистонро ватани худ медонанд ва соҳиби забони худ мебошанд. Аз ҳамин лиҳоз, мавқеи корбурди забон ба таври мушаххас дар моддаи 2 Конститутсия муайян гардидааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд». Бо ҳамин асос Конститутсияи мо аз тарафи коршиносону мутахассисони дигар давлатҳо баҳои баланд гирифта, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо онро дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумтарин давлатҳои аъзои худ эътироф намуд.
Ҳар давлати демократӣ ба эътиқоди динӣ, гуногунандешӣ ва озодии баён арҷ мегузорад, иҷозат медиҳад, ки ҷамъиятҳо, созмонҳо ва ҳизбҳои мухталиф таъсис ёбанд ва дар ҳаёти ҷомеа бо амалкарди барои давлату миллат манфиатовар иштирок намояд. Раванди таъсис ва амалкарди онҳо дар моддаи 8-уми Конститутсия ба таври мушаххас муқаррар гардидааст: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои дорои хусусияти миллӣ ва динӣ, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст».
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ҳамчун давлати мустақил аз тарафи 192 давлат эътироф гардида, бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монд ва ҳамзамон узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гардида, дар онҳо овозу мавқеи худро дорад ва дар ҳалли масоил фаъолона иштирок менамояд. Ҳамзамон иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Риоя ва иҷрои ҳуқуқҳои байналмилалӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 10 Конститутсия ба таври возеҳу равшан ифода ёфтааст: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд».
Метавон бо итминон ақида кард, ки он арзишмандтарин дастоварди мардуми мо дар давраи навини давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, бо саъю талоши беназири Пешвои миллат муяссар гардида, ба беҳтарин сифатҳои мардумсолорӣ миллати шарафманди моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Бо гузашти сӣ сол аз миён собит гардид, ки Конститутсияи мо бо назардошти тамоми омилҳо одилонатарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад. Бо итминон метавон изҳор намуд, ки он давоми садсолаҳо метавонад мавриди корбурд қарор бигирад.
АКС: АМИТ «Ховар»