Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
ДУШАНБЕ, 29.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 30 ноябр то 1 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд) ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани тарма вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакатро огоҳ менамояд, ки дар рӯзҳои сарди боронӣ эҳтиёткор бошанд.
Кумита тавсия медиҳад, ки сокинону меҳмонони мамлакат дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайру гашт ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ба сокинони наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ тавсия дода мешавад, ки ҳамеша аз хабару тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносӣ дар бораи тағйирёбии вазъи ҳаво ва боридани барфу борон хабардор бошанд, зеро дар ин минтақаҳо хатар зиёд аст. Дар чунин рӯзҳо ҳаргиз кӯдаконро ба чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум равон накунанд.
Дар ин рӯзҳо эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигар вуҷуд дорад.
Ронандагон вақте дар чунин рӯзҳои боронӣ аз тариқи роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ сафар мекунанд ё аз ағбаҳо мегузаранд, бояд ҳамеша шароити ҳавои номусоидро ба инобат гиранд. Мошини худро барои ҳаракат дар чунин шароит омода созанд ва қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд.
Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ аз зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин ҷӯйбору заҳбур ва селроҳаҳои назди манзили зисташонро бояд сари вақт аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу партов тоза намоянд.
«Ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон ва боми хонаҳо гардад. Аз ин рӯ, сокинон ҳангоми дар берун будан бояд қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд»,- таъкид намуданд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






