Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 то 130,8 миллиард сомонӣ дар соли 2023 зиёд гардид

Ноябрь 4, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 23 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 то 130,8 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ё 73 маротиба, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонии соли 2000 то 12,9 ҳазор сомонӣ дар соли 2023 ё 45 маротиба зиёд гардид. Дар ин хусус зимни баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Дар ҷамъомад  Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки қабули Конститутсия ва фазои орому осоишта, инчунин заҳматҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат барои рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ баъд аз қабули Конститутсия ва дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 23 соли давраи Истиқлоли давлатӣ даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000 то 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ё 112 маротиба зиёд гардид.

Иброз шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 21,2 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2400 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидори нави энергетикӣ, 3648 муассисаи нави таълимӣ ва 2958 муассисаи нави тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 4, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад