Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр Президенти Ӌумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои мазкур дар ҳошияи сиёсати бобарору бунёдкоронаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳу услуби муосир бунёд шуда, бо тамоми шароит муҷаҳҳаз гардидааст.
Бо бунёди иншоот дар баробари фароҳам гардидани шароити муносиби корӣ барои кормандони соҳа, ҳамзамон ба симои маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҳусну ҷилои тоза зам гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро ба заҳмати содиқонаву софдилона ва таҳлилу коркардҳои дақиқи оморӣ ҳидоят намуданд.
Бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар масоҳати умумии 834,5 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна, 24 ҳуҷраи корӣ, таҳҳона, китобхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва маркази коркарди маълумот иборат мебошад.
Ҳангоми шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои навбунёд бо хати иловагии барқ васл гардидааст ва дар ҳолатҳои зарурӣ генератори 100 кВт ба таври худкор фаъол мешавад.
Дар таҳҳонаи бино барои шуъбаи таъминот, маркази табъу нашр ва ошхона шароити зарурӣ муҳайё шудааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 60 сокини маҳалӣ ба кор ҷалб гардида, акнун 70 нафар мутахассисон дар шароити муносиби корӣ фаъолият менамоянд.
Масъулин аз ифтитоҳи бинои навбунёди муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти корӣ изҳори хушнудӣ ва арзи сипос намуданд.
Ҳуҷраҳои корӣ ва Маркази коркарди маълумот аз ҷониби Лоиҳаи «Навсозии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» мутобиқ ба стандартҳои муосир таҷҳизонида шудааст.
Ҳудуди бино бо гулҳои мавсимӣ ва дарахтони нодир зинат ёфтааст.
Иншооти навбунёд бо сифати баланд сохта шуда, имкон медиҳад, ки сокинони вилояти Хатлон аз хизматрасониҳои он пурсамар истифода баранд.









Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд






