«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонону забоншиносон доир шуд

Ноябрь 14, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Пешвои миллат- ҳомии забону фарҳанги тоҷикон» конференсия ва таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Қабл аз оғози ҳамоиш филми мустанади «Ваҳдати миллӣ», ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба эҳтироми хизматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст, ба намоиш гузошта шуд. Ин филм аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз қисса мекунад.

Филми «Ваҳдати миллӣ» ба хотири баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихор аз Ватану ватандӯстӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст. Он таҳлили коршиносону сиёсатмадорон, ҳамсафон ва элитаи сиёсӣ, фарҳангию маърифатии мамлакатро оид ба ҷонфидоиҳои Пешвои маҳбуби тоҷикон дар бар мегирад.

Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сахидод Раҳматуллозода иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини мо-даврони истиқлол иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахши миллат ба шумор меравад. Он давлати моро аз парокандагӣ ва аз вартаи ҳалокат раҳонид ва муҳимтар аз ҳама, ин иҷлосияи таърихӣ ҷавонмарди хирадманду ҷасур ва халқпарасту ватандӯст — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард.

«Дар шахсияти ин марди диловар миллат сарвари шоистаи худро ёфт ва ба марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ворид гардид. Имрӯз мардуми саодатманд ва сарбаланди тоҷик бо ифтихор ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябрро чун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд»,- гуфт Сахидод Раҳматуллозода.

Таъкид шуд, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат давоми солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким гардида, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳама ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвар ва меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

Дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат ҷавонон меистанд, ки дар муддати кӯтоҳ барои таҳкими неру ва таҳсили онҳо корҳои зиёду назаррас дар амал татбиқ шуданд. Аз ин хотир ҷавонони мамлакат аз таърихи истиқлоли давлатӣ, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва мактаби нодири давлатдории Пешвои миллат бояд ба таври кофӣ бархурдор бошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид