Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи кранҳои борбардорро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Ноябрь 7, 2024 10:20

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон»-ро дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳана мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи навбунёд бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надошта, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва шарикони рушд дар муддати камтар аз 5 моҳ бо маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Бо мавриди истифода қарор додани корхонаи нави истеҳсолӣ механизмҳои борбардори ҶСК «Ширкати мошинасозии Де Банг Тоҷикистон» 30 нафар бо ҷои кори доимӣ, таъмин шуданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – «Саноатикунонии  босуръати кишвар» бо навтарин технологияи ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 80 крани борбардори пуриқтидор буда, дар сурати зиёд гаштани фармоиши харидорон ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, ба содирот низ нигаронида шудааст.

Механизмҳои борбардори истеҳсолшаванда дар корхонаи навбунёд, ки ҳар қисми он пас аз озмоишу санҷишҳои мутахассисони соҳа насб карда мешаванд, тавоноии бардоштани аз 4 то 12 тонна борро доранд.

Кранҳои борбардори ин корхона тариқи фосилавӣ низ идора карда мешаванд, ки он метавонад кори биносозонро ба мартиб осон намояд.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона арзиши кранҳои борбардор дар бозор то 30 фоиз арзон бояд шавад, зеро то ҳол ин маҳсулот аз берун ворид мешавад. То имрӯз ҳар сол ба ҳисоби миёна ба маблағи то 9 миллион доллари амрикоӣ кранҳо аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Аз ин хотир кранҳои ин корхона ивазкунандаи воридот ва ҳам маҳсулоти содиротӣ хоҳад шуд.

Тавре гуфта шуд, корхонаи мазкур дар бинои бекорхобидаву валангоре, ки солиёни дароз аз мадди назар дур монда буд, бунёд гардида, ба як гӯшаи ободу зебое мубаддал гаштааст.

Масоҳати умумии корхонаи навбунёд наздики 4 ҳазор метри мураббаъ буда, гирду атрофи он сабзу хуррам гардонида шудааст. Дар саҳни бинои корхона намунаи яке аз кранҳои борбардор гузошта шуда буд, ки бозгӯи иқтидори истеҳсолии корхона ва сифати баланди маҳсулоти он мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо фаъолити истеҳсолӣ ва васли кранҳои пуриқтидори корхона, ташаббуси масъулинро барои ба роҳ мондани чунин иқдоми нек, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гаштааст, муҳим арзёбӣ намуда, барои фаъолияти самарабахши минбаъдаи он, дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ифтитоҳи корхонаи кранҳои борбардор дар ноҳияи Ёвон 07.11.2024

Ноябрь 7, 2024 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд