«ПУЛИ МИЛЛӢ-ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Дар «Амонатбонк» бахшида ба асъори миллӣ-сомонӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пули миллӣ-сомонӣ дар радифи Парчами давлатӣ, Нишони миллӣ ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва нишонаҳои асосии давлатдории тоҷикон маҳсуб мешавад. Он яке аз рукнҳои асосии истиқлол ва нишонаи муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад. Чунин иброз шуд дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Пули миллӣ-ифтихори миллӣ» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш бахшида ба рӯзи ба муомилот баровардани пули миллӣ- сомонӣ гузаронида шуд.
Гуфта шуд, ки бо ташаббусу дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик соҳиби пули миллӣ гардид ва ин падида барои давлат ва миллат дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошад. Ҳамзамон онро метавон оғози ислоҳоти сифатан нави иқтисодиёти ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.
Пули миллӣ ба сифати шиносномаи миллат барои таҳкими давлатдорӣ ва эътирофи Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ аст.


Ёдоварӣ гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000 «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ» воҳиди нави пули миллӣ-«сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва дирамҳо бо арзиши номиналии 1, 5, 20, 50 тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шудаанд. Дар онҳо расми арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон ҷой дода шуда, унсурҳои ҳимоявии пули «сомонӣ» тамоми воситаҳои пешрафтаи маъмулро дар бар гирифтаанд.
Гуфта шуд, ки пули миллии сомониро яке аз ширкатҳои бонуфузи Олмон баровардааст. Аз он лаҳзаҳои таърихӣ ба ҳозирин филми мустанаде намоиш дода шуд, ки таърихи барориши пули миллиро инъикос менамуд. Дар он лаҳзаҳои корӣ дар озмоишгоҳ ва коргоҳи барориши пул тасвир ёфтаанд.
Дар анҷоми ҳамоиш дар бораи зарурати барориши пули миллӣ, мустақилият ва пули миллӣ, таносуби қурби пули миллӣ нисбат ба дигар асъори хориҷӣ, эҳтиром нисбат ба пули миллӣ ва дигар паҳлуҳои он табодули назар доир шуд.
АКС: «Амонатбонк»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






