«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии рақс доир мешавад

Ноябрь 8, 2024 10:27

ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12-14 ноябр дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар назар аст, ки дар фестивал ансамблҳои рақсии беш аз 5 давлати ҷаҳон ҳунарнамоӣ намоянд. Инчунин дар фестивал тамоми дастаҳои рақсии Тоҷикистон рақси миллии тоҷикиро муаррифӣ менамоянд.

Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» тибқи нақшаи барномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари миллӣ доир мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 8, 2024 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд