Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд

Ноябрь 22, 2024 16:14

ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ҳамчунин раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст ба ҷониби Русия барои пазироии самимӣ ва анҷоми раёсати бобарор дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори сипос намуданд.

Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи нақши институти мушоҳидаи байналмилалии интихобот дар рушди демократия ва ҳифзи соҳибихтиёрии давлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ибрози андеша намуданд.

Таъкид шуд, ки мушоҳидаи байналмилалии равандҳои интихобот ва раъйпурсӣ аз муҳимтарин унсурҳои ҳамкории сиёсиву ҳуқуқии байни кишварҳо ба ҳисоб рафта, нақши он дар такмили танзими ҳуқуқӣ ва заминаи қонунгузории миллии омодагӣ ва гузаронидани интихобот назаррас аст.

Дар идомаи ҷаласа оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома мубодилаи афкор анҷом дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2024 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон