Шумораи ҳалокшудагони таркиш дар Покистон ба 27 нафар расид
ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари ҳамлаи террористӣ дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кветта, воқеъ дар вилояти Балуҷистони Покистон 27 нафар ҳалок ва 40 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Geo TV хабар медиҳад.
Ба иттилоои шабака, ҳамлаи террористӣ дар назди бинои чиптафуруши роҳи оҳан пеш аз омадани қатора ба вуқӯъ пайвастааст. Мақомот ба шабакаи телевизионӣ гуфтанд, ки дар ҳоле ки бисёре аз захмиён дар ҳолати вазнин қарор доранд, шумораи кушташудагон метавонад афзоиш ёбад.
АКС: «Синьхуа»








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






