Тӯфони «Тораҷи» ба соҳилҳои Филиппин расид
ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тӯфони «Тораҷи» субҳи рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ ба соҳилҳои шимолу шарқии Филиппин расида, ба музофоти Аурора дар Лусон- бузургтарин ҷазира аз галаҷазираи Филиппин фурӯ рехт, хабар медиҳад АР.
Суръати баландтарини шамол дар минтақаи тӯфон дар он замон 36 метр дар як сония ва зимни шиддати бод 50 метр дар як сонияро ташкил дод.
Обуҳавошиносон аз шамол ва боронҳои пуршиддат ҳушдор медиҳанд. Баландии мавҷҳои тӯфон дар соҳили шимолӣ ба се метр мерасад.
Як рӯз пеш мақомот сокинони беш аз 2 ҳазор деҳаро, ки метавонистанд аз тӯфон зарар бинанд, маҷбуран тахлия карданд. Илова бар ин мактабҳо ва коргоҳҳо баста шуда, ҳаракати киштиҳо ва парвозҳои дохилӣ дар вилоятҳое, ки дар минтақаи хатар қарор доранд, манъ гардид.
Интизор меравад, ки тӯфон ба самти шимолу ғарби Лусон ҳаракат карда, суръати ҳаракаташ пасттар гашта, дар баҳри Чини Ҷанубӣ идома ёбад.
«Тораҷи» чорумин тӯфон дар Филиппин давоми як моҳи охир аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






