То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар як шаҳру ноҳия бояд мактаби мусиқӣ дошта бошад. Ҳамчунин то ҷашни Наврӯзи соли 2025 ҳамаи муассисаҳои фарҳангии нуқсондошт тармим карда шаванд. Чунин дастуру супориш доданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон, ки 18 ноябри соли равон баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин вобаста ба ҳолати муассисаҳои фарҳангӣ супориш дода шуд, ки роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он барои таъмири муассисаҳои фарҳангии таъмирталаб ва садамавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки айни замон дар вилояти Суғд ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону навсозии даҳҳо муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла осорхона, китобхона, қасрҳои фарҳанг, боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ босуръат идома доранд.
Аз ҷумла, 11 апрели соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Қалъа дар маркази шаҳр, дар соҳили чапи дарёи Сир воқеъ буда, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст.
Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст. Аз ҷумла, дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки танҳо дар чанд соли охир бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо биноҳои навбунёди Қасри фарҳанг ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, 10 апрели имсол бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ гардид.
Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он барои ансамблҳои рақсӣ, шашмақомсароён ва гурӯҳҳои эстрадиву фолклорӣ барои машқу тамрин имконияти беҳтарин фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи якуми он толори кушоду барҳавои консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст ва нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз ҳуҷраҳои корӣ ва китобхона иборат аст.
5 июли соли 2023 бо иштироки Сарвари давлат бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Толори асосии иншоот дорои 240 ҷойи нишаст буда, дар он барои пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ тамоми воситаҳои зарурӣ васлу насб карда шудааст. Ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, пардозгарӣ, корӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ бо шароити замонавӣ таъмин мебошанд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои навсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар канори дарёи Сир ҷойгир аст, оғоз гардидаанд.
Масоҳати умумии иншоот 6 гектар буда, дар он бо усулҳои нави меъморӣ фаввораҳо, катҳои истироҳатӣ, чархофалаку аттраксионҳои замонавӣ барои сокинон, алалхусус кӯдакон бунёд ва васлу насб карда мешаванд.
Ҳамзамон сафолакпӯш кардани роҳравҳо, сабзазоркунӣ ва гулпӯшкунӣ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва чароғонкунии роҳравҳою атрофи боғ ба нақша гирифта шудааст.
Боғ дар маҳаллаи серодами шаҳр ва илова бар ин дар канори дарёи Сир ҷойгир буда, бо навсозии он барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд






