Варзишгарони тоҷик аз чемпионати Осиёи Марказӣ бо медалҳои тилло ва нуқра ба Ватан бармегарданд

Ноябрь 14, 2024 17:39

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин  Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук дар толор баргузор  гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа 243 варзишгар аз давлатҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, инчунин Ҷумҳурии Мардуми Чин иштирок намуданд.

Аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланд  15 варзишгар иштирок карда, 4 медал – 2 тилло ва 2 нуқра ба даст оварданд.

Медалҳои тиллоро Кристина Пронженко дар дав ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 8.35 сония ва Леонид Пронженко дар дав ба масофаи 60 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 8.16 сония сазовор гаштанд.

Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳидан ба дарозӣ бо натиҷаи 7.11 метр ва  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр (дар ҳайати Леонид Проженко, Муҳаммадҷон Самирзода, Кристина Пронженко, Жасмин Розиқова) бо натиҷаи 3:46.12 дақиқа соҳиби медали нуқра шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 14, 2024 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд