Вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 8, 2024 14:20

ДУШАНБЕ, 08.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Қарздиҳӣ бо гарави моликияти зеҳнӣ. Тамоюли рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон» машварати байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии патенту иттилоот хабар медиҳад.

Инчунин дар доираи машварат намоишгоҳи китобҳо, нашрияҳои ҳуқуқӣ ва таълимӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи пленарии машварати байналмилалӣ намояндагони мамлакат ва мемонон сухан гуфта, сипас тибқи барнома, дар мавзуъҳои «Қарздиҳӣ бо гарави объектҳои моликияти зеҳнӣ» ва «Тамоюли рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳо шунида шуданд.

Мақсади асосии машварати байналмилалӣ аз арзёбии имконоти мамлакат дар самти истифодаи объектҳои моликияти зеҳнӣ ҳамчун гарав барои гирифтани қарз иборат буд. Ин таҷриба дар дигар давлатҳо фаъолона истифода мешавад.

Ҳадафи дигари ҳамоиш аз ҳамоҳангсозии барномаҳои компютерӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун ихтироъ иборат буд. Ин раванд метавонад дар оянда ба рушди самтҳои нав, ба мисли барномасозӣ ва инноватсия бо зеҳни сунъӣ мусоидат намояд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

Ноябрь 8, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст