Вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба демаркатсияи cарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд

Ноябрь 27, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 ноябри соли 2024 дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои гузариши хати демаркатсионии cарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистонро муҳокима намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барқарор намудани ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ гардид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд
Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд