Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10 декабр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ хабар медиҳад.
Мақсади асосии ҷаласа аз табодули таҷриба дар самтҳои мухталифи фаъолияти осорхонавӣ иборат буд.
Бояд гуфт, ки Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ дар таҳия ва татбиқи самтҳои афзалиятноки соҳаи таърих, фарҳанг, санъат, осорхонаҳо, инчунин баргузории намоишҳо, конфронсҳо ва семинару симпозиумҳои муштараки илмӣ-амалӣ мусоидат менамояд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






