Ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд

Декабрь 3, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 03.12.2024 /АМИТ «Ховар»/.  28-29 ноябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ҷаласаи 57-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар кори он  сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломиддин  Раҳмон  иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ иттилоъ доданд, ҳайатҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузоришро дар бораи пешгирии вайронкунии конунгузории зиддиинҳисорӣ тасдиқ намуданд. Ҳамзамон истифодаи воситаҳои  «қонуни нарм» баррасӣ ва самтҳои нави танзими бозорҳои рақамӣ  муайян шуданд.

Дар анҷом иштирокдорон раиси нави Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисориро тасдиқ намуданд. Раиси шуро вазири танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Беларус Алексей Богданов интихоб шуд.

Дар доираи ҷаласа инчунин вохӯрии сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломиддин Раҳмон бо раиси Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Узбекистон Халилилло Турахуҷаев баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти сиёсати зиддиинҳисорӣ дар доираи санадҳои имзошуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва мубодилаи маълумот байни мақомот бобати пешбурди самараноки фаъолияти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа омаданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 3, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид