Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуд

Декабрь 5, 2024 11:03

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср ва ҳамраиси Комиссияи муштараки иқтисодӣ хонум Рания Ал-Машат мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи энергетика ва захираҳои об мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим рушд додани истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Аз ҳайати мисрӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2024 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд