Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Декабрь 3, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 03.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тахти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷикон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конференсия иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа давоми 30 соли фаъолият барои рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррасе анҷом дод. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъмину пойдор гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф корҳои зиёд, ба монанди бунёди маорифи миллӣ, ворид гардидан ба фазои таҳсили байналмилалӣ, мактабсозӣ, таъсиси муассисаҳои таълимӣ, таҳия ва тасдиқи барномаҳои давлатӣ, фароҳам овардани беҳтарин имконият барои донишомӯзии хонандагону донишҷӯён ва шароити мусоиди корӣ барои омӯзгорон ба анҷом расонида шуданд. Ин ҳама дастовардҳо бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ доранд.

 АКС: Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе

Декабрь 3, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид