Байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаҳои «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар» ва «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара» созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Созишномаҳо 3 декабр аз ҷониби Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расиданд.
Арзиши созишномаҳои грантӣ барои ин лоиҳаҳо 8 миллион евроро ташкил медиҳад.
Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳаҳо сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва сари вақт бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф ба ҳисоб меравад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






