АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаласаи солонаи Шурои ВАО-и Тоҷикистон Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин мониторинг байни ҳафтаномаҳои мамлакат ва сомонаҳои иттилоотӣ гузаронида шуд.
Иброз гардид, ки мақсад аз баргузор намудани мониторинг муайян намудани ҳолатҳои вайронкунии меъёрҳои ахлоқи касбӣ дар нашрияҳою сомонаҳои интернетии мамлакат, пешниҳоди тавсияҳо барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз эҳтимоли баҳсҳои судӣ байни рӯзноманигорон ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ мебошад.
«Таҳлилҳо нишон доданд, ки бархе нашрияҳо ба ҳисоби миёна дар 5 моҳ 14 маротиба ва дар 1 моҳ тақрибан се маротиба бандҳои гуногуни «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя накардаанд.
Дар баробари ин нашрияҳое низ ҳастанд, ки бинобар касбияти баланд пайваста мутобиқ ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» амал менамоянд.
Беҳтаринҳо бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






