Бонки Авруосиёии Рушд маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии Тоҷикистон зиёд мекунад

Декабрь 11, 2024 11:19

ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори Бонки Авруосиёии Рушд (БАОР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Якунин баргузор гардид, ки зимни он масъалаи зиёд намудани маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Завқӣ Завқизода ҳамчун аъзои Шурои Бонки Авруосиёии Рушд барои дастгирии фаъолона дар раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бобати рушди устувори иқтисодии мамлакат  ба роҳбари ин бонк изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар баробари ин ҳамчунин вобаста ба зиёд намудани маблағгузории Бонки Авруосиёии Рушд ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии мамлакат, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, савдо, маориф, тандурустӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, бахусус рақамикунонии бизнес-ҷараёнҳо дар вазорат даъват гардид.

Пешниҳодҳо вобаста ба зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби Директори Бонки Авруосиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои нави афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус таъсиси кластери нассоҷӣ ва маркази логистикии муосир, инчунин ҳамкории дуҷонибаи судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!