Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент маркази тафреҳӣ барои кӯдакон бунёд мешавад

Декабрь 1, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 01.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент маркази тафреҳӣ барои кӯдакон ба истифода дода мешавад, ки ин нахустин чунин марказ дар деҳоти шаҳр мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Барои машғулият ва тафреҳи хурдсолон дар ин ҷо ба маблағи беш аз 400 ҳазор сомонӣ 12  асбоби гуногун гузошта шудааст.

Бино аз ду қабат иборат буда, дар ошёнаи дуюми он коргоҳи хурди дӯзандагӣ ташкил карда мешавад.

Дар айни замон корҳои васлу насби таҷҳизот идома дошта, иншооти ҷашнӣ рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 1, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд