Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид

Декабрь 13, 2024 13:24

ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир карда шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода иброз дошт, ки таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои аъзо ва ҷонибдорони он дар баробари санаи муборак ва хотирмон будан ҳамзамон ифтихор ва омили тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ байни аҳолӣ мебошад. «Ҷаласаи имрӯзаи мо, ки ба таҷлили ин санаи таърихии ҳизб бахшида шудааст, барои ҳар яки мо аз манфиат холӣ нест. Он ватандӯстию зиракии сиёсии моро боло бардошта, муҳаббату садоқатамонро ба ҳизб ва Роҳбари он- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ ба Тоҷикистон боз ҳам бештар месозад»,-баён дошт мавсуф.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки тавассути пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар ин давра хеле мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд. Тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлолият аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти мамлакат сарчашма мегиранд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода иброз намуд, ки «агар ба таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар намоем, мебинем, ки ин ташкилоти бонуфузи сиёсӣ аз андешаи марди худогоҳу худшинос, фарзанди баруманди халқи тоҷик- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз аъзои ҳизбро зарур аст, ки барои татбиқи идеяҳои барномавии ҳизб ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон қадамҳои устувор гузоранд.


«Аз ин хотир вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди ватандӯсти ин мамлакат, бахусус аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти мамлакат ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро аз ҳама арзишҳо болотар гузорад»,-иброз намуд Убайдулло Қурбонзода.

Таъкид гардид, ки ҳизб минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави кор, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ба тадбирҳои таъхирнопазир ва амалӣ афзалият медиҳад.

Дар анҷоми ҷаласа ба як зумра аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амвол»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома ва ба кормандони ҷавон шаҳодатномаи узвияти ҳизбӣ тақдим карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 13, 2024 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа