Дар Душанбе якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор мегардад

Декабрь 4, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар шаҳри Душанбе якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чорабинӣ бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Зимни он дар самтҳои беҳтарин хизматрасонии давлатӣ, беҳтарин стартапи ватанӣ, беҳтарин мағозаи интернетӣ, беҳтарин платформаи электронӣ (маркетплейс), беҳтарин IT-ширкат-таҳиягар, беҳтарин лоиҳаи «Fintech», ҷоизаи махсус «Занон дар тиҷорати электронӣ» ва «Беҳтарин соҳибкори ҷавон дар соҳаи IT» ҷоизаҳо супорида мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 4, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид