Дар Лондон масъалаи солимгардонии ҳудудҳо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар шаҳри Лондон ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар дар нишасти навбатии Ассамблеяи солонаи саҳмгузорони Хазинаи барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҷаласа аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ташкил шуда, таҳти раисии роҳбари Ассамблеяи донорон Адриан ван дер Меер ва иштироки ҳайатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва кишварҳои шарику донор баргузор гардид.
Зимни он аҳамияти солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зарардидаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, корҳои анҷомшудаи безараргардонӣ, мушкилоти ҷойдошта ва амалисозии иқдоми баъдӣ таъкид гардида, дар ин зимн зарурати ҷалби навбатии ҷонибҳои шарик ва саҳмгузорон барои татбиқи ҳадафҳои гузошта муҳим арзёбӣ шуд.
Ҳайати Тоҷикистон дар доираи нишаст ҳамчунин бо раиси Ассамблеяи донорон Адриан ван дер Меер, роҳбари Хазинаи барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Эстер Харландер ва намояндаи масъули Комиссияи Аврупо хонум Электра Тсигаридас вохӯрӣ намуда, ҳамкории дуҷониба ва мавзуъҳои муштараки баъдиро барои татбиқи лоиҳаҳои солимгардонии иншооти меросии уран ва партовгоҳҳои радиоактивӣ баррасӣ карданд.
Баррасии идомаи таъмини ҳамоҳангии муштарак байни мақомоти соҳавии давлатҳои минтақа дар доираи Хазинаи барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ байни роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон низ доир шуд.
Дар ҳошияи нишаст мулоқотҳои алоҳидаи ҳайати мамлакат бо намояндагони кишварҳои донор ва созмонҳо барои баррасии самтҳои ҳамкорӣ ва татбиқи муштараки Нақшаи стратегии умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) доир ба солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






