Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 100-солагии адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи тоҷик Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Нахуст меҳмонон нимпайкараи Соҳиб Табаровро ифтитоҳ намуда, бо ганҷинаи адабии ин мунаққиди воқеъбини тоҷик шинос шуданд.
Дар конференсия иброз гардид, ки иқдоми наҷибу адабпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шинохти шахсиятҳои бузурги илмию фарҳангии ҷумҳурӣ қобили ситоиш ва пайравӣ мебошад.
Дар конференсия аҳли илму адаб ва меҳмонон ҷойгоҳи Соҳиб Табаровро дар адабиёти муосири тоҷик, махсусан нақди адабӣ шоистаи таҳсин хонданд. Иброз гардид, ки хонандагони тоҷик Соҳиб Табаровро, пеш аз ҳама, ҳамчун мунаққид мешиносанд. Асарҳои кулли адибони тоҷик, ки солҳои 40-80-уми садаи ХХ фаъолият намудаанд, аз мулоҳизаҳои интиқодии ин мунаққиди пуркору воқеъбин дур намондаанд.
Дигар хусусияти нақди Соҳиб Табаров дар он аст, ки устод зиёдтар асарҳои истеъдодҳои ҷавонро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода, онҳоро ба роҳи самараноки эҷодӣ ҳидоят намуданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҷашн гирифта шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






