Дар Мурғоб ва Ванҷ Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Мурғоб ва Ванҷ Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки 3 оила доир шуд. Аз ин ноҳия тибқи талаботи низомномаи озмун Ҷаннат Шарифова ғолиб дониста шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.
Иброз гардид, ки Ҷаннат Шарифова ба ҳунармандӣ машғул буда, ҳунари худро, ки аз бофандагӣ, кашидадӯзӣ ва қуроқдӯзӣ иборат аст, ба занону духтарони деҳа меомӯзонад.
Ӯ дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои қадимии халқи тоҷик саҳм мегузорад.
Рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳиме аст, ки дар муаррифии миллати қадимӣ ва ҳунарманд будани тоҷикон, беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани духтарону занон нақши муассир дорад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ҳамчунин дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки оилаҳо аз шаш Ҷамоати деҳот гузаронида шуд. Иштирокчиён маҳсули ҳунарашонро пешниҳоди ҳакамон намуданд.
Дар озмун аз ин ноҳия Мавҷигул Файзова аз Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев ғолиб дониста шуд.
Мавҷигул Файзова ҳунари худро ба духтарон, келин ва наберагонаш омӯзонида, имрӯз онҳо аз меҳнати худ ба иқтисодиёти оилаашон маблағ ворид мекунанд.
«Эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои мо, ҳунармандон заминаи хуб гардид. Дар ин солҳо мо тавонистем ҳунари худро равнақ дода, таваҷҷуҳ ба онро бештар намоем»,-гуфт ин ҳунарманд.
Дар мамлакат эълони гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026), қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд. Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» гузаронида мешавад.
Мақсади озмун ҷалби ҷомеа, хусусан ҷавонону наврасон ба ҳунармандию касбомӯзӣ, машғул шудан ба истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят менамояд.
Дар озмун оилаҳои ҳунарманд аз рӯйи намудҳои тасдиқшудаи феҳристи ҳунарҳои бадеии халқӣ иштирок карда метавонанд.
Даври аввали озмун аз 25 ноябр то 5 декабри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳо доир шуда, ҷамъбаст ва мукофотсупорӣ нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мегардад.
Ғолибон ва иштирокчиён аз ҷониби кумитаи тадорукот бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






