Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов толори варзишии «Мега Фитнес» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов толори варзишии «Мега Фитнес» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд.
Дар толори варзишӣ беш аз 150 таҷҳизоти замонавӣ ҷойгир буда, дар як вақт 100 нафар ба тамрин фаро гирифта мешаванд.
Толори варзишӣ пурра бо системаи гармкунии замонавӣ ва барои тоза нигоҳ доштани муҳити толор бо ҳавоивазкунакҳо таъмин мебошад.
Дар толори варзишӣ давоми ҳар ҳафта як рӯз барои занону духтарони ноҳия реҷаи кории алоҳида ташкил гардидааст. Масъулини маркази толори варзишӣ барои ба тамрин фаро гирифтани занон мусоидат менамоянд.
Дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад. Ин иншооти варзишӣ барои машқу тамрин, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон пешбинӣ гардида, тақвиятбахшандаи ғамхориҳо барои насли ояндасози миллат мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






