Дар шаҳри Риёз вохӯрии сардорони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар доираи «Конфронси Закот, Андоз ва Гумрук — 2024» сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо сардори Идораи Гумруки Давлати Қатар Аҳмад Ал-Ҷамал вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Хуршед Каримзода иброз дошт, ки омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами мақомоти гумруки Давлати Қатар дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафъи кор буда, ҳамкории гумрукӣ пас аз ба имзо расонидани шартномаи нави ҳамкорӣ ба сатҳи баланд хоҳад расид.
Сардори Идораи Гумруки Давлати Қатар Аҳмад Ал-Ҷамал омодагии хешро барои тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи идоракунии гумрук ва ба имзо расонидани шартномаи нави ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки ҳарду давлат баён намуд.
Дар вохӯрӣ мусоҳибон вобаста ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи гумрукӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






