Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид

Декабрь 6, 2024 09:04

ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.

Дар вохӯрӣ масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  14 феврали соли 1992 барқарор шудаанд. Моҳи марти ҳамон сол Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  дар Тоҷикистон кушода шуд. Соли 2006 бинои нави Сафорати  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе бунёд гардид.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2024 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд