Оид ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Хатлон ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои зимистонгузаронӣ, таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандону омӯзгорон ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо, таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки дар доираи «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд теъдоди мутахассисони соҳибкасб аз ҳисоби ҷавонони қаламрави вилоят афзоиш дода шуда, барои мутобиқсозии таҳсил ба талаботи бозори меҳнат дар ин давра муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар корхонаҳои ватанӣ таҷрибаомӯзӣ гузаранд.
«Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар назди Ҳукумати мамлакат вазифа гузоштанд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб шуда, барои саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид, ки тибқи он дар панҷ соли оянда ба касбомӯзӣ ҷалб намудани 1 миллион нафар пешбинӣ шудааст», — гуфт Раиси кумита.
Зимни ҷаласа инчунин дигар масъалаҳои ҷории соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъулин бобати иҷро ва ҳалли саривақтии онҳо уҳдадор шуданд. Роҳбарони муассисаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро оид ба такмили низоми таълим ва беҳтар кардани шароити корӣ баён намуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






