Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъкид менамоянд ва барои эътироф, риоя ва ҳифзи онҳо аз ҷониби ҳар шахс, мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба шаҳрвандони мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии соли 1999 ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ аз 26 сентябри соли 1999, бахусус ба моддаҳои 69 ва 55-и он рӯйи кор омад.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқие мебошанд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат таҳлилу баррасӣ мегарданд. Махсусан, масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар паёмҳои Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат таҳлилу баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.
Президенти Тоҷикистон дар паёмҳо доир ба яке аз ҳуқуқҳои муҳими инсон – ҳуқуқ ба ҳаёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Чунончи, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 30 апрели соли 2004 таъкид ба амал оварданд, ки «маҳдуд намудани ҷазои қатл амали хеле назаррас аст, аммо нисбат ба ҳаёти инсон бояд муносибати башардӯстона амалӣ гардад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ ва дахлнопазир буда, дар байни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хосса дорад. Воқеан ҳаққи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳақ надорад касеро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад». Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат дар ҳамин Паём зарур донистанд, ки ба татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория эълон карда шавад ва дастур доданд, ки бо мақсади таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар муҳлати кӯтоҳтарин санадҳои зарурӣ омода гарданд.
Барои иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 30 апрели соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия аз ҷониби парламент қабул ва ҷонибдорӣ шуда, 15 июли соли 2004 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Мутобиқи моддаи 1-и ин қонун татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва 399 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, боз дошта шуд ва дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту панҷ сол муайян гардид.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» татбиқ кардани ҷазои қатлро дар мамлакат муваққатан боз дошт, ки ин тадбири бениҳоят муҳим ва инсондӯстонаи Роҳбарияти Олии ҷумҳурӣ ва мақомоти қонунбарори он маҳсуб мешавад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013 бори дигар ба масъалаи ҳукми қатл таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «воқеан, ҳаёти инсон асоси ҳастӣ ва неъмати бебаҳо буда, маҳрум кардан аз он маънии қатъ гардидани мавҷудияти фард, шахсият ва узви ҷомеаро дорад. Дар тамаддуни инсонӣ аз ҷониби давлат татбиқ накардани ҷазои қатл, пеш аз ҳама, чун нишонаи башардӯстӣ, шафқат ва пешравии ҷамъият эътироф карда мешавад».
Бинобар ин, Президенти мамлакат иброз доштанд, ки вақти он расидааст, ки ин масъала бо назардошти афкори ҷомеа мавриди баррасии мақомоти дахлдор қарор дода шуда, аз натиҷаи он барои муайян намудани мавқеи давлат нисбат ба ҳукми қатл таклиф пешниҳод карда шавад.
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон механизмҳои махсус таъсис дода шудаанд, ки аҳамият ва нақши онҳоро коршиносони соҳа баланд арзёбӣ мекунанд. Барои ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи давлатҳои ташаббускор дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷумҳурии моро зарурат пеш омад, ки барои таъсис додани механизмҳои махсусгардонида дар соҳаи ҳуқуқи инсон тадбирҳо андешад, ки дар ин ҷода нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад. Чунончи, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 30 апрели соли 2007 бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият ва густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакат масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ба миён гузоштанд ва зарур донистанд, ки барои таъсиси он тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ андешида шаванд.
Дар робита ба ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 25 апрели соли 2008 махсус иброз намуданд, ки «бо мақсади такмили минбаъдаи механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон Қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» қабул гардид, ки он заминаҳои ҳуқуқии таъсиси мақоми махсусро дар баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон таъмин мекунад. Ин сохтор бояд ҳамкории ҳамаҷонибаи худро, пеш аз ҳама, бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту мақомот ба роҳ монад».
Бояд хотирнишон сохт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия аз тарафи парламент қабулу ҷонибдорӣ шуда, 20 марти соли 2008 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ҳамин тариқ, бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риояву эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон дар Тоҷикистон соли 2009 мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра менамояд.
Мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
Дар асоси моддаи 11 ин қонун вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу oзoдиҳoи инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи онҳо, инчунин салоҳияти дигаре, ки боби 3 қонун муқаррар намудааст, мебошад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 23 январи соли 2015 мавҷудияти ниҳоди махсус вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро дар ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ карда, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад.
Дар натиҷа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби 51 (муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) илова ворид карда шуд. Боб аз 7 модда иборат буда, дар он таъсиси вазифа, талабот нисбат ба номзад, тартиби ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудан, ба вазифа шуруъ намудан, муҳлати ваколат ва дахлнопазирӣ, маҳдудият барои ишғоли вазифа, салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳои ҳарсола ва махсуси ӯ муқаррар карда шуданд.
Ҳамин тавр, дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 январи соли 2015 бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак соли 2016 институти нав – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ карда мешавад. Чунончи, мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи онҳо, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва рушду ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт аз ҷумлаи вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошанд.
Бояд ёдовар шуд, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 декабри соли 2016 тасдиқ шуд ва дар муқаддимаи он иброз гардидааст, ки стратегия дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Ҳамчунин дар муқаддимаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2016 тасдиқ гардид, гуфта шудааст, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар заминаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2014-2016) таҳия шудааст. Бинобар ин, барномаи навбатӣ – «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, маҳз аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Чунончи, дар банди 11-и ин барнома иброз шудааст, ки ҳадафҳо, афзалият ва вазифаҳои рушди ҷумҳурӣ барои панҷ соли минбаъда дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳо «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, муайян карда шудаанд.
Дар зербанди 9) банди 37 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», аз ҷумла масъалаи таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» иброз шуда буд. Ҳамин тавр, «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022 тасдиқ гардид. Дар банди 61 Нақшаи чорабиниҳо барои амалӣ намудани ин стратегия масъалаи таъсис додани омбудсмени молиявӣ, яъне Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон пешбинӣ гардида буд.
Ҳамин тариқ, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2022 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Барои тақвият бахшидан ба фаъолияти ниҳоди нав Ҳукумати Тоҷикистон муваззаф гардид, ки дар муҳлати муқарраршуда ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намояд. Дар ин замина, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ҳоло дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Метавон хулоса намуд, ки таъсиси мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон маҳз аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳоло барои амалисозӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои табақаҳои мухталифи аҳолӣ талош намуда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд. Дар давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд доштани чунин воситаҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқу манфиатҳои инсон зарур арзёбӣ мегардад. Зеро, мустақилияти онҳо имкон фароҳам месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври дахлдор мавриди ҳифзу ҳимоя қарор дода шаванд.
Ҳамин тавр, нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави замони соҳибистиқлолӣ дар эҳтирому эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хеле бузург мебошад. Президенти мамлакат дар ҳар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар хусуси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, татбиқи пайваста ва пайгиронаи онҳо махсус таъкид менамоянд ва барои эҳтиром ва риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳои мақсаднок медиҳанд. Ҳамчунин дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳодҳои махсус вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис ёфтаанд, ки онҳо дар рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани сатҳи ҳимояи онҳо саҳми калон мегузоранд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
АКС: АМИТ «Ховар»