Пешвои миллат: «Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»

Декабрь 28, 2024 11:50

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ба иттилои Сарвари давлат, шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019 12 фоиз афзудааст.

Вале ба таъкиди Пешвои миллат, ин нишондиҳанда бо назардошти имконоти таърихию табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатию истироҳатии мамлакат кофӣ нест.

Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Декабрь 28, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд