Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази таҳқиқоти экологии шаҳри Акита шинос шуд

Декабрь 5, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Маркази таҳқиқоти экологии шаҳри Акитаи Ҷопон шинос шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, Қобилҷон Хушвахтзода бо шароиту имконият ва фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандони марказ шинос гардид.

Ҳамзамон Қобилҷон Хушвахтзода бо намоиши дастовардҳои дар натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ба даст овардаи олимону кормандони марказ ва майдони панелҳои офтобӣ шинос шуд.

Иброз гардид, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) фаъолият менамояд. Аз ин рӯ, олимони мо бояд дар якҷоягӣ барои гузаронидани таҳқиқоти муштарак ҳамкории хуб намоянд.

Ҳамин рӯз инчунин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  бо мактаби миёнаи Санои шаҳри Акита шинос шуд. Мактаби миёнаи Санои шаҳри Акита давлатӣ аст. Он бо техникаю таҷҳизоти мутобиқ ба талаботи муосир таҷҳизонида шуда, дорои пойгоҳи моддию техникии пурқувват мебошад.

Зимни мулоқоти Қобилҷон Хушвахтзода бо роҳбари ин муассиса ҷонибҳо доир ба рушди соҳаи илму маориф суҳбат намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 5, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид