Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Қобилҷон Хушвахтзода дар вохӯрӣ оид ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илму маориф, таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани наслҳои ҷавони ҷумҳурӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ суҳбат намуд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дипломатӣ дар доираи сиёсати «дарҳои боз» бо тамоми давлатҳои ҷаҳон рушду густариш ёфта, ҷавонони ҷумҳурӣ дар бонуфузтарин донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ таҳсил менамоянд.
«Бояд донишҷӯён аз ин имконияти мавҷуда самаранок истифода намуда, савияи дониши худро сайқал диҳанд. Ҳамчунин дар оянда ба Ватан баргашта, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни фаъолияти мамлакат саҳми арзишманд гузоранд»,-иброз гардид дар ҷамъомад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






