Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар ин ҷо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Бояд гуфт, ки пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд.
Барои таъмини устуворӣ дар иншоот нахуст аз ду канори пули мошингузар сутунпояҳои бетонӣ бунёд шуда, сипас болои он бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ бо риояи унсурҳои меъмории милливу ҷаҳонӣ оро дода шудааст.
Дар ороиши конструксияҳои металии пули мазкур масолеҳи баландсифат истифода гардидааст, ки барои солиёни дароз хизмат намудани он мусоидат менамояд.
Бо мақсади сабзкорӣ ва хуррамгардонӣ дар атрофи пули мазкур дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳо шинонида шудааст, ки зебоии ин мавзеъро дучанд менамояд.
Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то буриши хиёбони Сино, ки масофааш 3 км аст, бо истифодаи таҷҳизоти равшанидиҳандаи каммасрафи барқӣ корҳои равшанинамоӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шудааст.
Махсусан шабона ҳангоми гузаштан аз болои пули мазкур манзараи зебои ҷолиб ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳи ҳар як сокину меҳмони шаҳри Душанберо ба худ мекашад.
Дар рафти ороиши пули мошингузар, ки аз ду канори роҳ 6 қисмро ташкил медиҳад, бо истифода аз конструксияҳои оҳанӣ 15 нуқтаи идоракунӣ сохта шуда, ба дарозии 473 метр панҷараҳои оҳанини дорои тарҳу услуби муосир насб гардидааст.
Баландии ороишоти конструксионӣ дар қисмҳои алоҳида аз 16 то 21 метрро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи шаклдиҳии пули мазкур бо назардошти бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия шуда, роҳҳои пиёдагарди ду ҷониби он ҳам навсозӣ шудааст, ки барои рафту омади пиёдагардон бехатар аст.
Дар корҳои навсозию ободонии ин пул ва хиёбони Исмоили Сомонӣ 100 мутахассиси ватаниву хориҷӣ фаъолият намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки тӯли 7 соли охир дар шаҳри Душанбе сохтмон ва барқарор намудани 6 пул, 2 эстакадаи се сатҳа ба анҷом расида, ба масофаи зиёда аз 160 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ шудааст. Дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе лоиҳаи сохтмони боз 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз сохта ба истифода додани онҳо, ҳаракати воситаҳои нақлиёт муътадил гардида, сарборӣ кам карда мешавад.
Зимни боздид аз корҳои анҷомёфта дар болои пули мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба завқу маҳорати бинокорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки корҳои ободонию созандагӣ дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамаҷониба ривоҷ дода шавад.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд






