Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 бинои 3 ва 16 ошёнаву таҳхона иборат буда, дорои 12 маҷлисгоҳи барҳаво, толор бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бинои нав дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар масоҳати 9 ҳазору 145 метри мураббаъ сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонида мешавад.
Дар иншооти бунёдшаванда, 15 раёсат ва 36 шуъбаи кумитаи мазкур ҷойгир гашта, дар он 360 корманд фаъолият хоҳанд кард. Дар ин бино 6 лифти замонавӣ низ насб карда мешавад.
Ба ғайр аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ бо шароити замонавӣ, дар таҳхонаи бино барои 230 мошин таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мегардад.
Дар бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон мутобиқ ба талаботи замони муосир ва беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, имкониятҳо фароҳам хоҳад шуд.
Лоиҳаи мазкур бо назардошти талаботи меъморӣ ва шаҳрсозии муосир амалӣ мегардад. Дар иншоот унсурҳое ҷой дода мешавад, ки ифодагари таъриху фарҳанги ибратомӯзи мардуми тоҷик буда, шукуфоӣ, субот ва пешрафти Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос хоҳад кард.









Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






