Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Аскеров, Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Қазоқистон Валихан Туреханов, Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Ҷумҳурии Узбекистон Эргаш Шоисматов, инчунин кордорҳои муваққатии Федератсияи Русия Вера Хуторская ва Туркманистон Мердан Меммедов мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сироҷиддин Муҳриддин ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ оид ба натиҷаҳои асосии соли сипаришуда, инчунин нақшаю ҳадафҳо барои дурнамо табодули афкори судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ бо таъкид ба рушди рӯзафзуни муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил онҳоро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






