Соли 2025 дар вилояти Хатлон Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон соли 2025 Соли фарҳанги китобхонӣ эълон мегардад. Ин пешниҳодро Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз зимни маросими ҳавасмандсозии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» баён дошт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замон бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».
Мақсад аз ин пешниҳод зиёд намудани шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳама зинаҳои таҳсил, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Соли равон барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо дар маҷмуъ 1 миллиону 572 ҳазору 875 сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2023 375 ҳазору 375 сомонӣ зиёд мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






