ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
16 декабри соли 2009 дар шаҳри Копенгагени Дания Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим суханронӣ намуданд.
***
16 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев оид ба масоили баргузор намудани Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳияи Стратегияи Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2025 суҳбат намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум кабинаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.
***
16 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 2-юми навбатии байниташкилотии Гурӯҳи корӣ оид ба муносибатҳои байнибуҷавии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
16 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Рустами Эмомалӣ ба муҳлати нави чорсола ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд.
***
16 декабри соли 2022 байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ғизои Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
16 ДЕКАБР:
Дар Қазоқистон – Рӯзи истиқлол.
***
Дар Озарбойҷон- Рӯзи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.