«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд

Декабрь 11, 2024 10:24

ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2024  бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии “Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!” гузаронида шуд, ки мақсад  аз ташкили он тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои  созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши истиқлол дар ташаккули аркони давлатдории навини тоҷикон, арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургу таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар доираи баргузории ибтикороти ҷумҳуриявии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони  “Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!”  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмунҳои даврии шаҳрии “Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ”, “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”, “Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ”, “Беҳтарин вакил”, “Беҳтарин таблиғотчӣ”, “Беҳтарин корманд”, “Беҳтарин хабарнигор”, “Беҳтарин собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, “Кӯчаи беҳтарин”, “Хонаи беҳтарин”, “Маҳаллаи беҳтарин”, “Гулгашти беҳтарин”, “Боғи беҳтарин” ва “Майдончаи варзишии беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуданд. Ғолибони ин озмунҳои шаҳрӣ дар маросими тантанавии таҷлили ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  бо Диплом ва туҳфаҳои кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.

Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон,  роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов дар ин озмуни шаҳрӣ дар номинаи “Беҳтарин вакил” дар баробари дигар вакилони фаъол ғолиб дониста шуда, бо Диплом ва ҷоизаи ифтихорӣ қадрдонӣ гардид.


Маҳмудҷон Муродов ҳамчун соҳибкори ватандӯст ва ташаббускор дар тадбирҳои муҳими ободонию бунёдкорӣ, расонидани кумак  ва дастгирии эҳтиёҷмандон, ки дар меҳвари иқдоми башардӯстонаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор доранд, фаъолона иштирок намуда, дар таъмини  иҷрои нақшаю барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими давоми соли 2024 дар партави дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе анҷомдодаи соҳибкори ватандӯст Маҳмудҷон Муродов  — ин бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад, ки дар рӯзҳои нахустини моҳи сентябр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.


Ҳавасманд гардонидану дастгирӣ намудани чунин нафарон ба иқдомоти нави ободонию бунёдкорӣ ва хайрхоҳию накӯкории онҳо дар оянда  замина гузошта, онҳоро барои саҳмгузории бештар дар рушду ободии Ватан роҳнамо мегардад.

АКС аз бойгонӣ/Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 

Декабрь 11, 2024 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд