Тоҷикистон ва Эрон робитаҳоро дар соҳаҳои гуногун тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 04.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр дар шаҳри Машҳад дар ҳошияи ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муколамаи созандаи сиёсӣ байни роҳбарони олии ду давлат ва тамоюли рӯ ба рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамзамон доир ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин рушди сайёҳӣ, таъмини амният ва суботи минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






