Тоҷикистон ва Хорватия ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ матраҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва умури Аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордон Грлич Родман баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба сатҳи кунунии робитаҳои ҳарду мамлакат мубодилаи афкор намуда, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хорватияро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ матраҳ карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро дар бобати ҳамкорӣ дар самти омӯзиши таҷрибаи соҳаи сайёҳӣ иброз намуданд.
Тоҷикистон ва Хорватия дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Аврупо низ муколамаи созандаро идома медиҳанд.
Робитаҳои дипломатии Тоҷикистон бо Хорватия 25 сол муқаддам оғоз гардида, давлатҳо имрӯз дар бобати тақвияти пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ кор мебаранд.
Вазири корҳои хориҷӣ ва умури Аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордон Грлич Родманро дар ин сафар гурӯҳи соҳибкорон низ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ҳошияи сафар ҳамчунин ҳамоиши соҳибкорони ду давлат баргузор гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Хорватия ба имзо расониданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






