35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, дар вилояти Суғд барои бунёди мактабу кӯдакистонҳо аз тамоми имконияти мусоид истифода бурда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 санги асос гузошта шуд. Роҳбарияти вилояти Суғд дар маросими гузоштани санги асос ба синфхонаҳои иловагӣ иброз намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва бунёди мактабҳои замонавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо назардошти фарогирии 1280 хонанда дар як баст то ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкатҳои ватании «Тоҷфилиз», «Сеганҷ» ва соҳибкорон, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозӣ доранд, бунёд карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд






