35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корхонаи азими коркард ва истеҳсоли оҳан бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 14.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Шоқадамбулоқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи «Комбинати металлургии тоҷик» корхонаи азими коркард ва истеҳсоли оҳан сохта мешавад, ки дар он то 1000 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Корхонаи азими саноатӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон корҳои иктишофӣ ба охир расида, сохтмони корхона оғоз ёфтааст.
Бино ба иттилои масъулин, дар ин мавзеъ якчанд кон вуҷуд дорад ва дар марҳилаи аввал аз кони Шоқадамбулоқ истифода хоҳад шуд. Кони Шоқадамбулоқ яке аз бузургтарин конҳо дар минтақа ба шумор рафта, дар он то 48 миллион тонна захираи ашёи хом мавҷуд мебошад.
Ба корҳои сохтмонӣ 150 сокини маҳаллӣ ҷалб гардида, масъулин азм доранд ин корхонаро то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта, ба истифода диҳанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, бо ҷалби мутахассисони ин давлат васлу насб карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохтмони зиёда аз 12 000 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра садҳо корхонаҳои нав бунёд ва ба истифода дода мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






