«Амонатбонк» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкории молиявиро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории молиявӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел баррасӣ гардид.
Ба АМИТ «Ховар» аз «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон масоили густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ташкили дарсҳои молиявӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониши молиявии мутахассисони «Амонатбонк», гузаронидани амалиёти молиявӣ байни сохторҳои гуногуни бонкҳо ва доир намудани дарсҳои кушоди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар «Амонатбонк»-ро муҳокима намуданд.
Таъкид шуд, ки «Амонатбонк» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар сатҳи нав ҳамкорӣ намуда, тасмим гирифтаанд, ки соли 2025 доираи фаъолияти молиявии муштаракро васеъ намуда, ба ҳадафҳои гузошта ноил гарданд.
Дар анҷом мусоҳибон барои таҳкими ҳамкории молиявии муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: «Амонатбонк»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






